Ташрифи мушовирон аз Руссия

22.06.2022 Off Нашри Админ

Мушовирони сатҳи байналмилалӣ аз Русия муҳтарам Алексей Лопухин ва Михаил Калинин дар аввали моҳи июни соли 2022 ба ширкати “Акрам Мебел” ташриф оварда, бо масъалаҳои истеҳсолӣ ва умумии тиҷоратии корхона/бозор шинос шуданд.

Бо ташрифи коршиносони барҷастаи номбаршуда, кормандони ширкат дар бораи тамоюли навовариҳо дар бозор, тавсияҳо оид ба оптимизатсияи масъалаҳои марбут ба тиҷорати чакана, истеҳсолот, маркетинг ва менеҷменти сохторӣ бисёр донишҳои муҳим гирифтанд.

Роҳбарияти ширкати «Акрам мебел» ба мушовирон барои корашон дар рушди на танҳо ширкати мо, балки дар рушди соҳаи мебелбарори кишвар низ самимона ташаккур мегӯянд.

Мо инчунин ба мизоҷон ва ҳамватанони худ изҳори сипос мекунем ва умедворем, ки тамоми кӯшишҳои мо ҳамеша ба интизориҳои шумо мувофиқ хоҳанд буд!