Фотограф

Суратгир

04.05.2022 Off Нашри Админ

Суратгир-таблиғотчӣ ба ширкати «Акрам мебел» лозим аст, ки уҳдадории вазифааш иборат аст аз:

  1. Ҳар рӯз 1-2 намуди маҳсулоти дар толори мебел мавҷуда ё худ дар сехи истеҳсолиро ба навори видеоӣ ё сурат гирифтан, монтаж кардан ва дар шабакаҳои интернетии «Акрам мебел» гузоштан;
  • Сохтан, такмил ва доимо пур кардану дар ҳолати актуалӣ нигоҳ доштани фото-видео каталоги маҳсулоти мавҷудаи ширкат ва манзур намудани он ба шахсони дархосткунанда ҳангоми зарурият;
  • Ба навори сурат ва ё видео гирифтани маҳсулоти фурухташуда ва ба саҳифаҳои интернетии «Акрам мебел» гузоштан. Лоақал ҳар руз як маротиба рафта ба навор гирифтани объектҳо дар ҷойи кории мизоҷон ё манзили онҳо.
  • Ҳаррӯза гузоштани маълумотҳои нав (банер, сурат, матн, видео) оиди маҳсулотҳо, ё видоролики блогерон ки онро мо сарпарастӣ мекунем, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Fb.com, Instagram, Ok.ru, Tiktok,  VK ва сомонаҳои Somon.tj, akram-mebel.tj, Youtube.com, Yandex харита, Google харита ва паҳн кардани он тавассути пахши тугмаи поделится дар 20-30 гуруҳои маруфи FB.
  • Пеш бурдани Тelegram канали ширкат ва дар он ҳар руз гузоштани маълумоти нав ба нав ва инчунин андешидани чора ҷиҳати афзош кардани шумораи пайгирандагони он;
  • Ҳар рӯза пахш кардан ва хомуш кардани оҳангҳои дилписанд дар толори мебел. Шароит алакай ҳаст;
  • Ҷавоб додан ба муроҷиати мизоҷон тавассути фейсбук ва инстаграм;

Давраи санҷишӣ то 1 моҳ. Хуроки нисфирузӣ ройгон дода мешавад. Рузи истироҳати якшанбе. Вақти кори ҳамарӯза аз 8:00 то 18:00. Меҳнатдустӣ, боаҳмият, зиракӣ, софдилона кор кардан ва риояи супоришҳои роҳбарият зарур аст. Донистани забони тоҷикӣ ва русӣ ҳатмист. Маош 2000с. Донишҷӯёнро ба кор намегирем.

Ба дустони худ ва шахсони ҳавасманд ин хабарро расонед!

Суроға: ш. Душанбе, к. Раҳмон Набиев, 205 (Маҳалаи 33).

Тел: (+992) 918 588 300