Ширкати Акрам мебел – маълумоти муфассал!

26.08.2022 Off Нашри Админ

Ширкати “Акрам мебел” аз бузургтарин ва маъруфи истеҳсолкунандаи мебел дар Тоҷикистон ва ҳамчунин як маҷмӯаи фурӯшгоҳӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе аст, ки бо доштани имкониятҳои зиёд ҳамеша барои хизмати мизоҷон омода асту фазои зебову гуворо дорад, ки кас бо ворид гаштан ба он худро дар олами рангинин ва пур аз меҳру муҳаббат тасаввур хоҳад кард. 

Ширкати “Акрам мебел”   бо истифода аз плитаҳои ламинатӣ, МДФ, фанерҳои каҷӣ, шиша, пластикаи ороишӣ, плёнка, санги сунъӣ, оҳан, инчунин элементҳои металлии хромпӯши истеҳсоли худ маҳсулот истеҳсол мекунад, ки дар орову зебо намудани ин маҳсулотҳо устоҳои чирадасту ҳунармандони хушзавқ ҷалб гардидаанд.

Имрӯзҳо маҳсулотҳое, ки истеҳсоли ширкати мо мебошад зиёда аз ҳазорҳо метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ширкати «Акрам мебел» як ширкати тиҷорӣ буда, аз соли 2003 инҷониб дар бозори дохилӣ фаъолияти густурда дошта пайваста, дар офаридани мебелҳои хуштарҳу замонавӣ қадами созгор мегузорад.

Мо шод аз онем, ки мизоҷони хушбину зебоиофар дорему буданашон боиси пешрафти кори мову созандаи идеяҳои нав дар самти офариниши мебелҳои хуштарҳу босифату ва ҷавобгуй ба талаботи замони муосир гашта! Самти асосии ширкат истеҳсоли мебели замонавӣ ва классикии мувофиқ ба замони имрӯз мебошад.

«Акрам мебел» як ширкати муосир буда, истеҳсоли он бо таҷҳизотҳои баландсифат ва дастгоҳҳои нодир аз истеҳсолкунандагони пешрафтаи Аврупо ва Осиё ба ҳисоб меравад. Муваффақияти ширкат дар бозори имрӯза бештар ба маҳорати касбии кормандони он вобаста аст. Дар корхона устоҳои бомаҳорату, муҳандисон, таҳлилчиён, устоҳо ва танзимгарони дараҷаи якум кор мекунанд, ки нисбат ба касби хеш содиқанду вафодор ва дар ин баробар кори худро ба дараҷаи олй иҷро мекунанд. Ширкати мо ҳар як марҳилаи истеҳсолотро назорат мекунад. Ин як шарти ҳатмист, ки масъулияти “Акрам Мебелр”-о дар назди муштариён ва истифодабарандагонаш кафолат медиҳад.

Кухни гарнитури замонави дар Душанбе - модний сафед

Таҷрибаи чандинсола нишон медиҳад, ки сифати маҳулот бевосита ба технология ва материалҳои дар истеҳсолот истифодашаванда вобаста аст. Ширкат ба интихоби таъминкунандагон бодиққат муносибат мекунаду пайваста назорат мебарад то маҳсулоти босифатро аз дасти аввал ба мизоҷони худ бирасонад. Таъминкунандагони маҳсулотҳои мо ин давлатҳое ҳастанд, ки дар самти истеҳсол ва банду басти мебел дар бозори ҷаҳони ҳамто надоранд. Давлатҳои Туркия, Русия, Чин, Беларус, Эрон ашёи хоми аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сифатнокро барои ширкати мо таъмин месозанд ва мо маҳз барои Шумо зебоиҳои нотакррори мебелро нишон медиҳем.

Курси барои мачлисгоху толорхо

Ширкати «Акрам мебел» феҳристи мебелҳои зебоеро пешкаш мекунад, ки бо назардошти ниёзҳои асосии бозори муосир сохта шудаанд. Дар ҷои аввал барои ширкат назорати сифати маҳсулот дар ҳама марҳилаҳои истеҳсолот аст: аз таҳияи силсилаи моделҳо то васлкунӣ!

Мо нисбат ба маҳсулоти худамон, ки сол то сол бетағийр мемонад, талабҳои баланд мегузорем. Масолеҳи мебели мо аз ҷиҳати экологӣ тоза, бо истифода аз арматураҳои устувор ва мебели баландсифат тайёр карда мешавад. Дар ҳама моделҳо эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон ба тарҳи эргономикӣ, паҳнои оптималии кат ва бароҳатии ҳадди аксар бо эҳтиёт ба назар гирифта мешаванд. Яке аз бартариҳои муҳими ширкат он аст, ки мебели харидашуда ба ҳар шаҳру вилояти Тоҷикистон зуд ва бидуни камбуди бо кафолату сифати баланд интиқол дода мешавад.

Курсихои плитённый аз ротанг сохтаги барои богу хавли

Дар баробари ин Ширкат маҳсулоти саноатиро ба кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон ва ғайра содирот низ мекунад. Муваффақият ва пешрафти коргоҳи мо дар нотакрории маҳсулотимебошад, ки аз чиҳати дизайн ва аз чиҳати сифат қонеъкунанда ба инобат гирифта шудааст.

Мебели нарм диван тройкаи Тошкант

Ширкати «Акрам мебел» робитаҳои зичи тиҷорӣ дошта, шарики расмии бузургтарин корхонаи мебелсозии Русия Фабрикант ва намояндагони дигар корхонаҳои хориҷии истеҳсолкунандаи тамғаҳои маъруф дар соҳаи мебел аз хориҷи наздик ва дур мебошанд. Ширкат диванҳои бароҳат, креслоҳои бароҳат, пуфҳои мулоим, ҷевонҳои хуштарҳу муосир, мизу курсиҳои гуногунранг ва аксессуарҳои сегменти миёнаро истеҳсол мекунад.

Мизхои сафеду рангобаранг барои ошхона столовый

Ҳар як моделе, ки дар ширкат тайёр карда шудааст, ба стандартҳои сифат, технологияи ҳозиразамон, тамоюлҳои муд ва талаботи асосии истеъмолкунандагонро ҷавоб медиҳад. Диван ва креслоҳои Ширкати «Акрам мебел», пеш аз ҳама, ғамхорӣ дар бораи истироҳати бароҳат, хоби солим, фазои бароҳат ва сарфаи ҷой дар хонаи шумо мебошанд. Корхона зиёда аз 20 сол боз вуҷуд дошта, пайваста ғамхорӣ муштариёнаш мебошад.  Ширкат инчунин метавонад доираи васеи сейфҳо, курсиҳо ва утоқҳои конфронсиро барои идораи Шумо пешниҳод кунад. Корхона метавонад ба микдори номаҳдуд мувофиқи табъу майлу хоҳиши Шумо мебели фармоиши истеҳсол намояд.

https://www.youtube.com/embed/EfIfcBx8Y30

Ширкати мо ҳар як марҳилаи истеҳсолотро назорат мебараду танҳо дар фикри такмилу таҷдиди ғояҳои нав аст. Ин як шарти ҳатмист, ки масъулияти “Акрам Мебел”-ро дар назди муштариён кафолат медиҳад.

Мунтазам тайёр кардани кадрҳо ва нав кардани технологияи истеҳсолот гарави такмили маҳсулот мо мебошад. Ба шарофати ин коллексияҳои мебел сол аз сол нав карда мешаваду, номгӯи шарикони савдо васеъ шуда, системаи фурӯш ва хизматрасонӣ такмил меёбад.

Дар ширкати мо имкони хариди мебел бо қарз (кредит) ё қисмат вуҷуд дорад. Шумо метавонед бо операторҳо тавассути Telegram, WhatsApp ва дигар мессенҷерҳо дар вақти дилхоҳи рӯз тамос гиред. Ширкати «Акрам мебел» инчунин вебсайти расмии худ www.akram-mebel.tj дорад, ки дар он шумо метавонед аз фосилаи дур каталоги маҳсулотро тамошо кунед ё мебели мувофиқи табъи дили худро фармоиш диҳед. Дар ширкат инчунин як Маркази тамос фаъолият мекунад, ки зангҳо, паёмҳо ва иттилоотро ба забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ коркард менамояд. Дархостҳои муштариён тавассути системаи CRM коркард карда мешаванд, ки ин имкон медиҳад равандҳои хариду фармоишҳо то ҳадди имкон дақиқ ва саривақт назорат карда шаванд ва вазифаҳои дар пеш гузошташуда саривақт ҳалли худро биёбанд.

Дар мағозаҳои мебели ширкат шумо метавонед тавассути POS-терминал, ки кортҳои Visa, Union Pay ва Korti Milli  қабул карда мешавад, пули нақд ва ҳам ғайринақдӣ пардохт намоед. Мизоҷони ширкат бонкҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои маҳаллӣ, давлатӣ ва хусусӣ, мактабҳо, бемористонҳо, корхонаҳои калону миёна мебошанд. Ширкати «Акрам мебел» ба маҳсулоти худ аз се то даҳ сол кафолати сифат медиҳаду бемамоният ба хонаву коргоҳи Шумо бурда мерасонад. Вазифаи аслии мо ин хурсандии  Шумо мизоҷони азизу гиромӣ мебошад.

«Акрам мебел» ин ҷаҳони эҳсосоти мусбӣ, роҳат ва эътимод аст!

Суроға: шаҳри Душанбе, кучаи Раҳмон Набиев, 205.

Тел: (+992) 918 34 00 05

Сомона: https://akram-mebel.tj/

Youtube: https://www.youtube.com/c/AkramMebel

Facebook: https://www.facebook.com/mebeliakram

Instagram: https://www.instagram.com/akrammebel/?hl=ru