Рӯзи артиши миллӣ муборак! табрикот

Рӯзи артиши миллӣ муборак! (Табрикот)

23.02.2022 Off Нашри Админ

23-феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дӯстону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадрро Ширкати «Акрам мебел» табрику таҳният мегӯяд.

Аз таъсиси Артиши миллӣ 29 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобарин мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.

Фарорасии Рӯзи таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун яке аз идҳои хеле муҳими кишвар табрик ва таҳният гуфта, ба сарбозон ва ҳар як шаҳрванди кишвари маҳбубамон дар ин рӯзи пурифтихор рӯзгори ободу сарбаландиҳо ва саодатмандию пирӯзиҳо таманно дорем.
Иди Артиши миллӣ, иди далериву мардонагӣ, иди муҳофизони шуҷои Ватан мебошад. Яқин аст, ки ҳар яки Шумо ватандӯстони аслӣ ҳастед ва дар ободиву дифои Ватани азизамон ҳиссаи бузург доред.

Рӯзи далерони ҳақиқие, ки мақоми волои шуҷоатмандиро дарк кардаанд табрик мегӯем!

Бо камоли эҳтиром,

Ширкати «Акрам мебель»

ш. Душанбе, к. Раҳмон Набиев 205.

Тел: +992 918 34 00 05