«Истиқлол муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи асолат ва саодати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад». Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Имрӯзҳо кишвари азизи мо ҷашн дорад . Аз фурсат истифода бурда тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон муборакбод мегӯем.
Бигзор сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ ҳамавақт дар фазои ватани азизамон ҳукмфармо бошад.
Дар тӯли 30 соли истиқлол аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ширкатҳои ватанӣ беҳтарин иқдомҳо ва шароитҳои корӣ муҳайё гардид. Истифодаи маҳсулотҳои ватанӣ дар маъракаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ аз тарафи давлат хуб истиқбол мегардад, ки барои мо, истеҳсолкунандагони ватанӣ дастгирии бевоситаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ – Раиси шаҳри Душанбе – Рустами Эмомалӣ ба ҳисоб мераванд.
Мо низ дар навбати худ кӯшиш мекунем, ки сифати маҳсулотҳои худро рӯз аз рӯз беҳтар карда ба сатҳи олӣ бардорем ва ба боварии Пешвои миллат ва халқи худ сазовор бошем.
Ҷашни 30 солагии истиқлол муборак!
Бо камоли эҳтиром, ширкати “Акрам мебел”.